устувор — [استوار] 1. пойдор, побарҷо; маҳкам, мустаҳкам: қалъаи устувор; сулҳи устувор сулҳи пойдор, сулҳи бардавом, таҳкурсии устувор таҳкурсии мустаҳкам, таҳкурсии бақувват; устувор бастан маҳкам бастан чизеро; устувор кардан а) пойдор кардан; барқарор… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
барқарор — [برقرار] пойдор, устувор, побарҷо, барпо; барқарор будан а) пойдор будан, устувор будан; б) ҳукмфармо будан; барқарор кардан // барқарор намудан а) барпо намудан; ташкил кардан, таъсис намудан; б) аз нав ба вуҷуд овардан; барқарор мондан пойдор… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
аҳд — [عهد] а 1. паймон, шарт, қарордод, муоҳида; ваъда; аҳду вафо паймону садоқат; қавл додан ва дар қавли худ устувор будан; аҳду паймон қавлу ваъда; аҳд бастан паймон кардан; аҳд кардан қавл додан; аҳду паймон бастан қарордод кардан, шарту паймон… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қатъӣ — [قطعي] а. яқин, аниқ; ҳатмӣ: қавли мо қатъист, иҷрои ин қонун қатъист; ба сурати қатъӣ а) ниг. ба таври қатъӣ; б) тамоман, ба куллӣ; қотеона; ба таври қатъӣ // ба тарзи қатъӣ ба таври аниқ, яқинан; ваъдаи қатъӣ ваъдаи иҷрояш ҳатмӣ, қавли сахт;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мустаҳкам — [مستحکم] а 1. устувор, қалъаи мустаҳкам, маҳкам 2. пойдор, қавӣ: иродаи мустаҳкам, мустаҳкам гардонидан пойдор сохтан; мустаҳкам кардан (намудан) устувор гардонидан; пойдор кардан; мустаҳкам шудан устувор гаштан; сахт пойдор шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пойдор — [پاي دار] 1. устувор, қоим, мустаҳкам 2. барқарор; мавҷуд; пойдор гардидан (шудан) устувор ва мустаҳкам гардидан (шудан), барқарор гардидан; пойдор истодан устувор будан; пойдор кардан барқарор кардан; пойдор мондан барқарор мондан 3. маҷ.… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
сахт — [سخت] 1. маҳкам, мустаҳкам, устувор, шах; муқоб. суст, мулоим, нарм; ҷисми сахт; одам аз гул нозук, аз санг сахт аст (мақ.) 2. душвор, мушкил; кори сахт 3. вазнин; кори сахт; хоби сахт хоби вазнин; хобе, ки кас аз он бедор нашавад 4. шадид,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
вафо — [وفا] а. ба ҷо овардани қавлу ваъда; пойдорӣ дар аҳду паймон, садоқат дар дӯстию муҳаббат, сидқ: меҳру вафо, сидқу вафо; вафо доштан садоқат доштан; содиқ будан, дар аҳди худ устувор будан; вафо кардан (намудан) ба аҳд (паймон, ваъда ва қавли… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
истеҳком — [استحکام] 1. маҳкам шудан; мусстаҳкамӣ, устуворӣ; истеҳком додан устувор ва мустаҳкам кардан; истеҳком ёфтан мустаҳкам шудан 2. ҳ. иншооти махсус (аз қабили нуқтаҳои оташфишонӣ, калъа, хандақ, бурҷҳои дидбонӣ ва ғ.), ки бо мақсади садди роҳи… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қоим — [قائم] а 1. рост, устувор, истода, барпо; қоим будан устувор будан, поянда будан; пойдор истодан; барпо шудан; қиёмат қоим шудан қиёмат барпо шудан; қоим ба зот ба аслу зоти худ пойдор; абадӣ, ҷовид 2. моланда, даллок (дар ҳаммом), масҳгар 3. кҳн … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ